СОАТИ СИЁСӢ

Н.Хусрав: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Вобаста ба татбиқи ташаббуси ҳизбии Кумитаи ичроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон санаи 23.02.2023 дар муассисаи таълимии №6-и ноҳия Амалиёти муштараки «Соати сиёсӣ» ва «Мактаби ман!» дар сатҳи баланд баргузор гардиданд. Дар муассисаҳои таълимии ноҳия дар Амалиёти «Соатҳои сиёсӣ» маърӯзаҳо аз тарафи омӯзгорони соҳибтаҷриба ва донишманд дар мавзӯҳои "Ҳимояи марзу буми Ватани азизамон", "Баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии ҷавонон" , "Муқовимат ва пешгирӣ аз ақидаҳои ифротӣ дар байни ҷавонону наврасон", ки аз ҷониби Кумитаи иҷроия дар ноҳия пешниҳод шуда буданд, маъруза намуданд.

Хатмкунандаи муассисаи таълимии мазкур Худоймерганов Маҳмуд, ки дар марзу буми Тоҷикистону Қирғизистон адои хизмат намуда, дар муноқишаҳои Тоҷикистону Қирғизистон ҷароҳати сахт бардошта, аз пояш тир хӯрда буд, қадршиносӣ гардида, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07.02.2023 № 528 бо медали Марзбони шуҷои Тоҷикистон сарфароз гардонида шуда буд, баромад намуда, ҷавононро даъват намуд, ки ба Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил шуда, мардонавор Ватани азизамонро ҳимоя намоянд.

Дар фарҷоми чорабинӣ аз тарафи муовини раиси ноҳияи Носири Хусрав Азимзода М. бо тантана медали Марзбони шуҷои Тоҷикистон ба сарбоз Худоймерганов Маҳмуд тақдим карда шуд.

Рафти баргузории Амалиёти «Соати сиёсӣ" ва «Мактаби ман!» дар муассисаҳои таълимии ноҳия аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроия зери назорати қатъӣ гирифта шуда, ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор гардиданашон мусоидат намуданд. Дар маҷмуъ Амалиёти муштарак дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия дар сатҳи баланд баргузор гашта истодааст.