БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ ҲИЗБИИ "КАБУДИЗОРКУНИИ МАҲАЛ"

Н.Хусрав: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бо мақсади сарсабзу хуррам гардонидани ноҳия ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ Аксияи ҳизбии «Кабудизоркунии маҳал»-ро баргузор намуда, дар даромадгоҳи ноҳия зиёда аз 250 дона дарахтони ҳамешасабзи арча шинониданд.

Муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давронов Хуршед қайд намуд, ки Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ таъкид намуданд, ки танҳо азму иродаи қавӣ, эътиқод ба фардои нек, заҳмати аҳлонаву софдилона ба нафъи Ватан ва давлат метавонад, моро ба ҳадафҳои олиамон расонад. Ҳоло, ки мо дар арафаи ҷашни Наврӯз қарор дорем, раванди ободкориву созандагиро беш аз пеш густариш бахшем, сарҷамъу муттаҳид бошем, камбудиву норасоиҳои ҷойдоштаро бартараф намуда, дар руҳияи баланди ватандорӣ ҷашни миллиамон- Наврӯзи байналмилалиро сазовор истиқбол намоем.