ОБОДОНИИ КӮЧАВУ МАҲАЛ МАРОМИ МОСТ!

Н.Хусрав: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Аксияи  ҳизбии  “Якҷоя ҳал  мекунем!” симои ноҳияро  дигаргун  карда  истодааст. Бо  мақсади пайравӣ  аз  сиёсати  хирадмандонаи  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ, Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Раиси  муаззами  Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон, аъзо  ва  ҷонибдорони ҲХДТ дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  корҳои  созандагиву бунёдкориҳоро  идома  дода   истодаанд.

Масъулини  Кумитаи  иҷроияи Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  ба  хотири  саҳм  гузоштан  дар  таҷлили  сазовори муқаддастарин ҷашни  миллӣ -  35-солагии  Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  санаи  21-уми феврали  соли  равон  барои  ояндаи ободи  Ватани  азизамон зиёда аз як километр роҳи байни деҳаҳоро сангфарш карда, дар корҳои ободонӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд. Ин иқдоми хайр бо дастгирию ғамхории бевоситаи раиси ноҳия Шарифзода М.С. сурат гирифта, корҳои ободонӣ бо маром идома доранд.

К.Ҳайдарова, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав