ҚАБРИСТОНҲО ТОЗА ВА БА ТАРТИБ ДАРОВАРДА МЕШАВАНД

Н.Хусрав: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Вобаста  ба  иҷрои  супоришҳои  банди -11-и Протоколи  маҷлиси  назоратии   назди  раиси   Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  вилояти  Хатлон бо  мақсади  баргузор намудани амалиёти умуминоҳиявии «Рӯзи  ёдоварӣ»  оид ба  тоза  намудану  ба  тартиб  овардани  дохил  ва  атрофи  қабристонҳо   кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав рӯзи  22-юми феврали соли  2023  аксияи   умуминоҳиявии «Рӯзи  савоб»-ро  дар 2 қабристони  деҳаҳои  ҳудуди ноҳия  баргузор  намуда,  қабристонҳоро  аз алафҳои бегона  тоза намуда, атрофашонро  бо  панҷараҳои оҳанин  махкам  намуданд. Ҳамчунин,  занонҳо дар ин  амалиёт фаъолона иштирок  намуда роҳҳои даромад  ва  атрофи  оромгоҳҳоро  аз ҳамагуна  партовҳо  ва  алафҳои  худрӯи  тоза  намуданд. Дар  амалиёти  умуминоҳиявии   «Рӯзи  ёдоварӣ»  тоза  намудани  қабристонҳо  зиёда  аз 80  нафар  сокинон  иштирок  намуданд. Аксияи  мазкур  ҳамчун  Ташаббусҳои ҳизбӣ  мунтазам  баргузор  гардида,  қабристонҳои  ҳудуди ноҳияро  ба  тартиб  оварда,  тозаю  озода  ва  шароитҳои  зарурӣ  барои  фаъолияти  онҳо, навиштаҷотҳои  номи  оромгоҳҳо,   шиору  навиштаҷотҳои   даъватӣ  насб карда  шуданд. Амалиёти  мазкур  ҳамчун  Ташаббусҳои ҳизбӣ  мунтазам  роҳандозӣ  гардида, ҷалби  мардум  дар  ин  кори савоб ба  роҳ  монда  мешавад.