ТОЗАГӢ - ГАРАВИ САЛОМАТӢ

Н.Хусрав: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Дар санаи 07.02.2023 тибқи нақша -чорабиниҳои тасдиқнамудаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав байни аҳолӣ, коллективҳои меҳнатӣ суҳбатҳои сарироҳӣ бо занону бонувон ва сокинони ноҳияи Носири Хусрав оиди аксияи "Тозагӣ - гарави саломатӣ" доир гардида, буклетҳо тақсим карда шуд.

Мақсад аз баргузории чунин аксияҳо барои тоза намудани муҳити зист, хонаҳои истиқоматӣ, тозаю озода нигоҳ доштани ҳар як гулу гиёҳ ва обу хоки муқаддаси Ватани азизамон равона гардида, ҳар як фарди Тоҷикистон бахусус занону модаронро лозим аст, ки барои ҳамаи ин бояд ҳалолкору покизакирдор ва созишкору дӯстдори муҳити хеш бошанд.

Давронов Хуршед, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав