СУМАНАК БУӢ БАҲОР АСТ

Н.Хусрав: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Тибқи нақшаи муштарак оиди ба "Тозагии маҳал"масъулини КИ ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав тасмин гирифтанд, ки Буклет оиди "Тозаги гарави саломатӣ"бо усули "Хона ба хона"байни аҳолии деҳаи Муротеппаи ҷамоати деҳоти "Фирӯза"тақдим намуда,дар ин раванд занону модаронро барои тозаву озода нигоҳ доштани ҳар як гулу гиёҳ ва обу хоки муқаддаси Ватани азизамон даъват намуданд.
Ҳангоми гузаронидани аксияи мазкур ба хонадони Лақаева Сабоҳат истиқоматкунандаи деҳаи Муротеппа ворид гашта,дар он ҷо аз рафти тайёр намудани "Суманак"шоҳиди ҳол гаштем.
Маълумот дар бораи тайёр намудани
"Суманак"
Суманак навъе аз хуриши наврузӣ аст, ки аз сабзаи гандум пухта мешавад.Худи сабза рамзи эҳёи табиат ва зебогию осоиштагии ҳаёт ба шумор меравад.
Тарзи таҳияи сабза ва пухтани суманак дар байни мардуми тоҷик чунин буд.
Гандумро се рӯз дар оби ҷӯй ё оби борон тар карда мемонанд.Баъде,ки гандум неш мебаровард,ба қавли мардум рӯда мешуд, онро гирифта дар табақе ҳамвор мегузоштанд ва руяшро бо докаи тоза мупӯшонданд .Рӯзе,ки борон борид ба берун мебароварданд ва пас аз борон оби зиётиашро пулонида боз бурда ба хонае,ки даромадани каси бегона ба ба он ҷо манъ буд, мегузоштанд.
Вақте, ки гандум сабз мешуд намегузоштанд касе онро бинад,то ин ки ба он пай наафтад.Ё худ дар вақти пухтан худ кӯшиш мекарданд, ки ягон каси нопок ба болои дег наояд,зеро пай меғалтид ва суманак дар дег парак-парак садо мебаровард ва аз дег зарраҳои суманак берун мепарид, ки рафта-рафта маҳсули дег кам мешуд.
Одамони азодор набояд гандум сабзонанд. Гуфта мешуд,ки агар шахси азодор ё мотамдор гандум сабзонанд,решаҳои сабза мисли хун сурх мешудаанд,ки онро "сабза вайрон шуд"гуфта мепартофтанд.
Рӯзи муайян суманакпазӣ 2-3 нафар занҳои ҳамсоя бо машварат дар хонаи яке аз ҳамсоягон ҷамъ мешуданд.Дар бегоҳи рӯзи сабзаҳои порашударо ба дег меандохтанд, онро аз чашми бегона пинҳон мекарданд,то ки пай наафтад.Баъд занҳо ба таги дег оташ меафрухтанд,бо навбат дегро бо кафча ё кафгир мекофтанд. Дар дег ҳафт адад сангча меандохтанд, ки рамзи бобаракат шуданро ифода мекунанд. Барои он ки хобашон набарад, суманакпазон дар назди алов нишаста афсонагӯӣ,чистонёбӣ ва сурудхонӣ мекарданд.
Субҳ вақте, ки суманак тайёр мешуд мардумро даъват карда рақсу бозӣ мекарданд,занҳову духтарон ҳам сурудхонӣ рақсу бозӣ ва ҳазлу хандаҳо мекарданд.
Бинобар иттилои наврӯзшинос дар деҳаи Қаратоғ ва дигар маҳаллҳои водии Ҳисор тарзи пухтани суманак чунин иҷро мешуд.Гандум ҳамин,ки бо оби борон дар муддати 5-6 рӯз сабзида барои ширагири омода шуд,пиразане бо корд бурида аввал "Бисмиллоҳир Раҳмонро Раҳим"гӯён онро ба хонае меандозад.Дар баъзе деҳаҳо пеш аз шираро ба дег андохтанд,чалпак медӯхтанд.Сипас шираи гандумро бо орд махлул намуда,ба дег меандохтанд ва дегро бо кафлес мекофтанд.
Ҳангоми кофтани дег таронаи "Суманак"суруда мешуд,ки он чунин буд:
Суманак дар ҷӯш мо кафча занем,
Дигарон дар хоб, мо дафча занем.
Суманак буӣ баҳор аст,
Суманак авҷи барор аст.
Мелаи шабзиндадор аст.
Иди Наврӯз муборак! Суманак дар ҷӯш мо кафча занем,
Дигарон дар хоб мо дафча занем.
Суманак ширинии ёр аст,
Суманак аҷаб нигор аст,
Суманак зеби баҳор аст,
Иди Наврӯзи муборак,
Суманак дар ҷӯш мо кафча занем,
Дигарон дар хоб,мо дафча занем. Дар аксари маҳалҳо ҳангоми суманакпазӣ мардонро ба назди дег роҳ намедоданд,то ки суманак вайрон нашавад.Ба деги суманак ҳафдона чормағз ва баъзан ҳафт сангча меандохтанд,ки он ҳафт фариштаи ҳафта табақаи осмонро ифода мекард.Шаби суманакпазӣ занҳо намехобиданд.Таомҳои гуногун пухта вақти худро хуш мегузарониданд.Аз аввали шаб то субҳ даф,зада рақсу бозӣ ва таронасароӣ мекарданд.
Пеш аз дамидани субҳ оташи дегро хомӯш карда болояшро бо латтаи тоза ё сарпӯш мепушониданд.Субҳӣ Содиқ ҳамин,ки хонумҳо ҷамъ омаданд,кадбону Бисмилоҳи рахмани рахим ,дасти ман не дасти азизон гӯён сарпӯши дегро мебардошт ,,аввал як табақ барои аҳли масҷид мекашид ва
боқимондаи суманакро ба аҳли маросим ва ҳамсоягони кӯҳансолони табаррук тақсим мекард. Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав Саидмуродова Шаҳло