Тоза намудани қабристонҳо

Н.Хусрав: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав вобаста ба баргузор намудани аксияи ҳизбии "Рӯзи ёдоварӣ" чораҳои амалӣ андешида, тибқи нақша дар 2-қабристонҳои ҷамоатҳои деҳоти ноҳия бо дастгирии аъзо ва ҷонибдорони ҳизб, имомхатиб, имомони масҷидҳои панҷвақтаи ноҳия ва бо иштироки васеи сокинони  деҳаи Олтинсойи Ҷамоати деҳоти Истиқлол ва 44-Чашмаи Ҷамоати деҳотии Истиқлол Аксияи ҳизбии "Рӯзи ёдоварӣ"-ро баргузор намуда, гирду атроф ва дохили қабристонҳо тоза ва бехи гулу ниҳолҳои атрофи онҳо нарм карда шуданд.

Масъулини Кумитаи иҷроия дар ҳамкорӣ бо Ҷамоатҳои деҳот, ходимони дин, бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроия ҳамарӯза дар деҳоту маҳаллаҳо мулоқоту суҳбатҳо баргузор карда, ташаббусҳои ҳизбиро ҳаматарафа фаҳмонида дода, корҳои ободонию зебогардонии маҳаллаҳои зист, парваришу нигоҳубини гулу буттаҳои ороишӣ, ниҳолшинонӣ, бахусус тутзоркунии қадди ҷӯю обравҳо, таъмиру азнавсозии пулҳоро ба сокинон фаҳмонида дода истодаанд.

Қайд намудан бомаврид аст, ки бо эълон шудани аксияи мазкур ташкили суҳбату вохӯриҳо ва баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ ба сокинони ноҳия,  дурусту бомавқеъ, саривақтӣ ва кори савоб будани ин ташаббуси ҳизбиёни вилоятро дарк намуда, муташаккилона ҳар якшанбеи охири моҳ дастаҷамъона ба аксияи "Рӯзи ёдоварӣ" баромада, дохил ва атрофи қабристонҳоро аз алафҳои худрӯй тоза, бехи ноҳолҳою гулу буттаҳоро нарм ва девору панҷараҳои онҳоро таъмир ва ба тартиб оварда истодаанд.

Дар баргузории амалёти умуминоҳиявии  "Рӯзи ёдоварӣ" зиёда аз 500 нафар сокинон дар тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо иштирок намуданд.

Ин амали хайру савоб идома дошта, ҳар рӯзи якшанбе тибқи рӯйхат сокинони ноҳия ба ҳашари умумӣ мебароянд.