Ободии Ватан мароми мост

Н.Хусрав: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав ва ҳамбастагӣ бо муҳоҷирони меҳнатие, ки дар шаҳри Москва кору фаъолият доранд, барои равшан намудани кӯчаву ҳудуди маҳаллаи Бешкент ва Ҳамро Олимови ҷамоати деҳоти Истиқлол маблағ ҷамъоварӣ намуда, зиёда аз 80-адад лампаҳои равшандиҳандаро насбу васл гардониданд, ки маблағи ҷамъовардашуда аз ҳисоби муҳоҷирон 45-ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби саховатмандон 10-ҳазор сомонӣ ва 5-ҳазор сомонӣ аз ҳисоби мардуми маҳал ҷамъоварӣ гардида, дар маҷмуъ 60-ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Иқдоми мазкур дар доираи ҳидоятҳои ватанпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда шуда, ин амали хайр идома дорад.