Терроризм ва экстремизм - падидаи номатлуби ҷомеа!

Хуросон: Вокуниш  

Ҳар як фарди солимфикру ватандусти ҷомеъа ,махсусан аъзоёни ҲХДТ бояд муборизаро бар зидди терроризм ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон пурзӯр намоянд. Асоси ҳуқуқии мубориза бар зидди ин падидаҳои хатарнокро дар кишвари мо ӯҳдадориҳои байналмилалӣ, Конститутсия, Кодекси ҷиноӣ, Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» ва Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм ташкил менамояд.

Стратегия «Оиди мубориза бар зидди терроризм» асоси сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти муқовимат ба экстремизм ва терроризм муайян намуда, вазифаҳои мақомоти давлатиро ҷиҳати аз байн бурдани омилҳои ба экстремизм ва терроризм мусоидаткунанда мушаххас менамояд. Имрӯз, ки Тоҷикистон соҳибистиқлол шудааст ва дар ҷаҳон мавқеи худро ёфта, ҳамчун як узви ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шуда, пеш рафта истодааст ва ин барои баъзе қувваҳои дохилию берунӣ писанд нест ва онҳо мехоҳанд, ки ҷомеаи мо ноором бошад, аз ин лиҳоз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои бегонаро дастгирӣ менамоянд. Аз ин рӯ ҳар яки мо махсусан аъзоёни ҲХДТ ва ҳамаи шахсони бонангу номуси Ватан бояд ҳушёр бошем, дар атрофи Сарвари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон муттаҳид гардида, худшиносӣ ва ғурури миллиамонро баланд бардорем, Ватанамонро, ки Тоҷикистон ном дорад, ҳифз намоем ва обод созем. Парчами ваҳдати миллиро ҳамеша боло бардорем. Дар замони мо, ки пур аз таззод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд.Ҳамаи мо медонем,кӣ роҳи тараққиёту гулгулшукуфоии Ватани азизамон ин Вахдату ягонагӣ,риояи бечунучарои дастуру супоришҳои Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фаъолияти пурсамар дар ҳама соҳаҳо мебошад ва мо бояд аз ин нуктаи назар фаъолияти боз ҳам бештар намоем ва сатҳу сифати зиндагии хонаводаи худ ва ҷомеъаро баланд намоем.