Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср!.

Хуросон: Вокуниш  

Имрӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар одамон гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд ва зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта,оқибатҳои фоҷиабори дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад.

Гурӯҳҳои террористию ифротӣ бо созмонҳои диниву миллатгароӣ, тундрав ва дигар ниҳодҳои ҷиноятӣ ба ҳам омада дар манотиқи гуногуни ҷаҳон хушунату зӯроварӣ, хунрезию низоъҳои диниву мазҳабӣ,нажодӣ ва ҳатто бархурди тамаддунҳоро барангехтаанд.

Мушкилии асосӣ дар он аст,ки гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ ба сафи худ асосан ҷавононро ҷалб мекунанд,ки онҳо ба дараҷаи кофӣ сиёсатро сарфаҳм намераванд.Бештари аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳад,ки баъзе аз онҳо барои ба даст овардани даромад ба кишварҳои хориҷ сафар мекунанд ва пайваста ба душвориҳо дучор мешаванд, ба ташкилотҳои террористию ифротӣ пайваст мешаванд.Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҳар як сокини сайёра таҳдид мекунад, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроӣ дорад.Раванди ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастани ҷавонон дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон нишон медиҳад,ки ифротгароёни динӣ, гурӯҳҳои террористӣ роҳҳои наву пуртаъсири таблиғу ташвиқи андешаҳои худро дар байни ҷавонон ба роҳ мондаанд.Хоинон ва душманони миллати тоҷик мехоҳанд,ки бо роҳу кирдорҳои ношоистаи иғвоангез,зиндагии орому осоиштаи моро халалдор созанд.Миллати сарбаланди тоҷик ҳеҷ гоҳ даст ба куштору душмании миллате дароз намекунад.Тоҷикистони азизи мо мулки сулҳу ваҳдат,ободу осоишта аст,мардуми баору номуси он неъматҳои бебаҳои Истиқлолиятро ҳифз менамояд, ки ба ифротию террористон надиҳад. Мардуми сарбаланди он пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намуда, масъулияти баланди ватансозиро ба душ гирифта, баҳри ободию шукуфоии Ватан саҳмгузор мегарданд.Ба тамоми миллати сарбаланди тоҷик муроҷиат намуда, гуфтаниям, барои он ки модарон орому тинҷ хоб раванд ,фарзандон хушбахт бошанд,амну суботи Ватанамон поянда бошад, бояд ягон фард бетараф набошад.

Дар тарбияи фарзандон дастаҷамъона камари ҳиммат бубандем. Ин Ватани ободу зебо, амну суботро ба наслҳои оянда мерос гузорем.

Ғуломов Саидасрор муовини раиси ки ҳхдт дар ноҳияи Хуросон.