Танзим барои таъмини зиндагии осуда ва шоистаи мардум!.

Хуросон: Андеша  

Бояд қайд намуд, ки то қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар баргузории ҷашну маросимҳо ва харҷу сарфи маблағҳои зиёд, куштани зиёди чорво роҳ дода мешуд, ки ҳамаи ин ба зиндагии мардум таъсири манфӣ расонида, боиси камбизоат гаштани мардум мегардад. 

Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун роҳбари ғамхори миллат барои таъмини зиндагии осуда ва шоистаи  мардум тамоми чораҳоро  андешида, бо аҳли зиё,  уламои дин ва фаъолони кишвар машварат намуда, ба хулоса омаданд, ки роҳи ягонаи харҷи зудтар халос кардани мардум аз ин хароҷотҳои сахту сохта, чунон ки аз ҷониби аксари шаҳрвандон пешниҳод гардид, қабули қонун аст.

Ҳамин буд, ки бо ташаббуси Президенти мамлакат ва дастгирии мардуми Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 8-июни соли 2007 қабул гардид. Қонуни  мазкур бо тақозои рушди ҷомеа анъана ва ҷашну маросимҳоро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асосии фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ ҳмзамон  барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

Барои бисёриҳо равшан аст, ки расму оинҳои миллӣ ва ҷашну маросимҳо дар ҳаёти фарҳангӣ, маънавӣ ва моддиву маишии халқи мо таърихи басо тулонӣ дорад ва нақши онҳо ҳамчун қисми таркибии фарҳанги миллӣ  дар тарбияи насли наврас хело бузург мебошад. Эҳтиром ва қадрдонии урфу одат, арзишҳои миллӣ, эҳтиром ва ҷаҳонбинии динӣ ва афзалият ба ғояи шаҳрвандӣ,  ташкили давлат аз ҷумлаи хусусиятҳоест, ки давлатҳои хурду тозаистиқлолиятро дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳифз менамояд.

Маҳз аз ҳамин нуқтаи назар, бояд мусоидат намоем, ки расму оинҳои миллӣ ва анъанаву маросимҳои динӣ дар таҳкиму ваҳдату худшиносии миллӣ, дӯстӣ рафоқату ягдигарфаҳмӣ, меҳнатпазирӣ, ғамхорӣ ва раҳму шавқат ба ҳамдигар доир шуда, дорои аҳамияти маънавию тарбиявӣ таҷассум гардад.

Равшанов Ш – мудири бахши кор бо ҷавонон ва занони КИ ҲХДТ дар н.Хуросон