Вусъати корҳои ободонӣ ба муносибати истиқболи 33 - солагии Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Хуросон: Созандагони ватан  

Ба истиқболи ҷашни пурифтихори 33 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию ободонӣ дар ноҳияи Хуросон рӯз то рӯз вусъат ёфта истодаанд. Дар ҳамин доира бо ташаббуси муовини раиси ноҳияи Хуросон муҳтарам Турсунзода Дустмурод Турсун  мумфаршкунии варзишгоҳи марказии ноҳия бо масъулини бахши кор бо чавонон ва варзиши нохия ва бо муассисаи давлатии мактаби варзиши шурӯъ гардида, тули чанд руз мешавад, ки корхои ободони бо суръат идома дорад.

Имрӯзҳо тамоми сокинони ноҳия тавассути ҳашарҳои муташаккилона дар ҳар як кӯчаву маҳалла даст ба корҳои созандагӣ зада, дар ободонии диёри худ саҳм мегузоранд. Ҳамдиёрони азиз, ободу зебо гардонидани дару хонаи ҳар яки шумо туҳфаи арзандаи шумо ба ҷашни бузурги Истиқлолият аст. Якҷоя диёрамонро обод мекунем!