«ҲАҚИҚАТГУЁН» ХУД ОЗОД НЕСТАНД!

Хуросон: Вокуниш  

Баъди пош хурдани давлати абарудрати Шӯравӣ дар қаламрави давлатҳои пасошӯравӣ ноадолатию нофаҳмӣ ва ғаразҳои шахсони манфиатҷӯ миёни аҳли ҷомеа гуногунандешии зиёдеро рӯи кор овард. Ин омил бо сабаби суст ва бесоҳиб мондани сохтори давлатӣ дар ҳамон давру замон ва бесалоҳиятию бетарафии мақомоти марбута боиси оғози даргириҳои дохилӣ ва қурбониҳои зиёди инсоният шуд, ки насли калони Тоҷикистон аз ин ҳодисот ҳама воқиф буда, аз он рӯзҳо ба талхӣ ёд меоранд. Чандест, ки дар расонаҳои хабарӣ ва шабакаи иҷтимоии фейсбук гурӯҳи навбаромади хоинону ватанфӯрушони миллат, ки кайҳо дигар табаияти Тоҷикистонро надоранд, дар ниқоби нави «Ҳақиқатгуён» садо баланд карда,  аз роҳи дур бо ғояҳои бепояву муғризонаи худ ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистонро  ба гирдоби ноамниҳо кашидан мехоҳанд. Гуруҳи бо ном «Ҳақиқатгуён» фаромӯш кардаанд, ки  ба шарофати ғоясозӣ ва тарғиби сиёсати нодуруст солҳои 90-уми асри гузашта зиёда аз 150 ҳазор нафар ҳамватанони мо  қурбон шуданд, ки осори ин захм  то ҳол аз пайкари миллат ва модарону хоҳарони ранҷури тоҷик зудуда нашудааст. Чунин гуруҳҳои манфуру манфиатҷӯ бо тарғиби сиёсати муғризонаю таҳмилшуда Тоҷикистонро ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд. Бародарро бо падар ва падарро бо писар душман сохтанд. Беҳтарин шахсиятҳои таърихии миллатро, ки ба ин халқу Ватан содиқ буданд, бо рисолати хоинонаи худ аз байн бурданд. Зери тафаккури бунёди ҷомеаи навин ва орӣ аз  таъсири ҳизби ҳокими давр-ҳизби коммунист мардумро ба сангарҳо кашида, Тоҷикистонро ба хоку хун оғушта сохтанд. Муҳимтар аз ҳама, дар ин ҷанги хонумонсӯзи дохилӣ ягон нафар бо гуноҳи «Ҳақиқатгуён» қурбон нашуд, балки онҳо дар хориҷа бо тарғиби сиёсати муғризонаву ғаразноки худ соҳиби қасру кушкҳо ва зиндагии шоиста гардида, рисолати тоҷику тоҷикистонӣ будани худро дар доираи ҷалби афкори бегонапарастӣ арзон фурӯхтанд. Дар рӯзҳои сахту тақдирсоз барои миллату давлат ягон нафар  ба ном «Ҳақиқатгуён» бори давлатдорию давлатсозии навини Тоҷикистонро ба уҳда нагирифт. Ба таври дигар ҳама «Ҳақиқатгуён» хомӯш буданд….Чаро?

Барои он ки ҷангро дар Тоҷикистон ҳамин гурӯҳҳо бо тарғиби афкори шахшулу манфурашон болои мардуми Тоҷикистон таҳмил карданд. Ва чун дар Тоҷикистон сулҳу оромӣ барқарор шуд, ҷанги шаҳрвандиро ҷанги таҳмилӣ ва сояи дасти бегонагон унвон карданд. Бешак, мардум медонанд, ки барои ба эътидол овардани вазъ дар ҷумҳурӣ ва гирифтани пеши роҳи хунрезию ба ҳам овардани миллат кӣ чӣ хизмат кардааст. Ин ҳақиқати беҳбас аст. Ҷойи таърифу тавсиф ҳам нест, зеро «чизе ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест». Ҷамъ шудани «фаъолон»-и нофаъол дар  кишварҳои аврупоӣ ва ба гӯши ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷор задан, боз ҳамон фитнаи навбатии гурӯҳҳои хоину ватанфурӯше аст, ки  дар ниқоби нав чеҳраи ғосиби худро пинҳон сохта,  мардумро мехоҳанд ба сӯи гумроҳӣ баранд. Ин гуруҳҳо чун диданд, чеҳраи манфури «Гуруҳи 24» ва  ташкилоти мамнуъи экстремистию террористии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон миёни ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон аён гардид,  бо дигар кардани ниқоб бо шиорпардозии «буҳрони иқтисодӣ…, хушунату бадбинӣ….тамомияти арзӣ ва ғайра» миёни мардуми Тоҷикистон кинаву адоват ва бадбинии якдигариро тарғиб намуда, ба пешрафту шукуфоҳии давлат латна задан мехоҳанд. Зеро, иҷро накардани супоришҳои хоҷагони бегонаашон дигар имкон надорад. Ба ибораи дигар «ё марг ё  хиёнат».Якпорчагии давлат, тамомияти арзӣ, истиқлолияти давлатӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори ҳуқуқӣ дошта, ба назари таҳлилии ягон нафар ба ном «Ҳақиқатгуй» эҳтиёҷ надорад. Хуб мебуд, ки «Ҳақиқатгуён» ҷойи он ҳама афкори муғризонаашон аз ободии Тоҷикистон, бунёди роҳҳову иншоотҳо, зиндагии осоиштаи мардум, рӯз аз рӯз афзун шудани эътибори миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ, бунёди иншооти гуногуни моҳияти стратегидошта қисса мекарданд.Дар Тоҷикистон барои буду бош ва зиндагии арзандаи сокинон дар пояи риояи талаботи қонунгузории амалкунанда тамоми шароиту имкониятҳои афзалиятнок фароҳам аст. Ҷамъияти ба ном «Ҳақиқатгуён» тудаи хиёнаткороне ҳастанд, ки дар Тоҷикистон барои амалҳои ғайриқонунию фасодкориашон таҳти пайгард қарор доранд. Мардуми шарифи Тоҷикистон аллакай роҳи рушду суботи минбаъдаи давлат ва миллати хешро зери роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муайян кардаанд ва ҷомеаи мо  ба «Ҳақиқатгён»-и муғризу дур аз Ватан ва мағзшӯишуда бо идеологияи бегона ниёз надорад.

Равшанов Шодалӣ мудири бахши кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон.