Илм зи хониш сарчашма дорад

Хуросон: Созандагони ватан  

Имрӯз дар толори китобхонаи Маркази Ҷавонони ноҳияи Хуросон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон миёни аъзоёни ТҶҶ "Созандагони Ватан" маҳфили китобхонӣ баргузор гардид.

Дар он мудири бахши ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон иштирок ва суханронӣ намуда аз ҷавонон зиёд намудани хониши сараввал дарсҳои мактабӣ сипас китобҳои бадеиро талаб намуд,инчунин баланд бардоштани ҳисси Ватандӯстӣ миёни ҷавонон мавриди баррасӣ қарор гирифт.