ИРОАИ ПАЁМ ДАР ШАРОИТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ВАТАН.

Хуросон: Созандагони ватан  

Паём ҳамчун барномаи пешбурди фаъолияти касбӣ, рӯзгори сокинони сарбаланди Тоҷикистон ва муайянсозандаи фалсафаи давлатдории миллӣ буда, пеш аз ҳама барои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои идоракунӣ, вазорату идораҳо, муассисаҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, аҳамияти бағоят муҳим дошта, онҳоро барои иҷрои ҳадафҳои ояндасоз сафарбар менамояд. Ироаи Паём дар шароити соҳибистиқлолии ватани азизамон Тоҷикистон, муҳимтарин комёбӣ дар ҷодаи давлатдории миллӣ буда, ҳамасола ба ҳукми анъана даромадааст.

Бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, ки дар паёми навбатии хеш ироа намуда буданд, вохӯрии навбатии масъулини кумита бо аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар МТМУ №11 доир гардид, дар рафти вохӯри аз тарафи масъулин оид ба омӯзиши забонҳои хориҷи, илмҳои замонавӣ ва шомил нагардидани ҷавонону наврасон ба гурӯҳҳои ифроти суханрони карда шуда, дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ба аъзоёни ташкилот расонида шуд.