МАҚОМИ ЗАН ДАР ҶОМЕАИ ИМРӮЗА

Хуросон: Андеша  

Зан дар фарҳанги тоҷикон мақоми шоиста дорад.  Аммо бо ҳуҷуми араб ва ҷорӣ шудани дини ислом, мутаассифона, нисбат ба зан ва мақому ҳуқуқҳои он аз тарафи руҳониёни гумроҳ ва идеологияи ҳукмрони хилофати Уммавиҳою Аббосиҳо маҳдудиятҳои зиёд ҷорӣ гардид.  Ин фаҳмиш дар давраҳои ҳукмронии сулолаҳои  хурофотии турктабори асри миёнаги то ибтидои асри XX идома ёфт. Ҳамин тавр, зан ҳамчун як нафар инсон аз бисёр озодиҳои хеш маҳрум ва дар оила мутеъ шуда монд ва дар муносибатҳои  ҷамъиятӣ  натавонист ба таври зарурӣ ҷойгоҳи худро пайдо кунад.  Вазифаи зан дар хона нишастан ва чун ғулом ба кори хона банд шудан ва ҳамон тавре ки зикр намудем, манбаи ишрат қарор гирифтан буду халос. Дар ин маврид яке аз олимони асри миёнагӣ Ҳаким Тирмизӣ чунин менависад: “Салоҳи кӯдак дар рафтан ба мактаб, ҷавон дар касби илм, пирамард дар пойбандӣ ба масҷид ва зан дар хонашинӣ аст”. Бо вуҷуди чунин маҳдудиятҳо, дар фарҳанги хонаводагии тоҷикон, махсусан, тоҷикони кӯҳистон зан азизу муҳтарам буд. Чаро? Зеро манотиқи кӯҳистони тоҷик мантиқан ҳеч гоҳ зери султаи ҳукуматҳои арабию туркӣ ва муғулӣ қарор надоштааст. Гузашта аз ин, нарму мулоим будан ба зан таърихан дар вуҷуду сиришти таърихии ниёгони мо нуҳуфта аст. Аз рӯи сарчашмаҳои таърихӣ маълум мешавад, ки асрҳои IX-X дар ҳудудҳои тоҷикзамини таърихӣ, ки сулолаҳои тоҷикӣ форсии Тоҳириён, Саффориён, Сомониён, Зиёриён, Бувайҳиён ҳукмронӣ намудаанд, дар қиёс ба ҳукумати Аббосиҳо ва сулолаҳои туркии минбаъада, зан то андозае ез ҳуқуқҳои худ бархӯрдор буд. Дар давлати Сомониён ҳатто, зан то ба мақоми подшоҳӣ расида буд ва ҳамчун ходими сиёсию давлатӣ усули махсуси идораи давлатро роҳандозӣ намуд. Дар таърихи миллати мо, то густариши ислом чунин занони сиёсатмадору  майдондор, ба монанди Гурдофарид, Заррина, Мондоно, Томирис, Косондон, Отсо, Статира, Обона, Рухшона, Ютоба, Гурдия, модари  Шопури 11, Марям, Сира (Ширин), Бӯрондухт, Озардухт, Шаҳрбону, Хуррама, Хутак ва ғайра хеле зиёд буданд. Бинобар навиштаи  Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “дар давлатдории қадимии миллии мо ин иқдом, (ба даст гирифтани идораи давлат аз тарафи модари Нуҳи 11) яъне кафолати идораи кишварро ба даст гирифтани зан падидаи нав набуд. Ҳангоми истилои араб подшоҳи Бухоро зан буд (маликаи Бухоро Хутак)  ва барои ҳифзи марзу буми кишвараш ҷоннисориҳо аз худ нишон дод”. Воқеан, гузаштагони мо, бо  дарназардошти офаранда будани зан, ӯро ҳамрадифу ҳампояи замин медонистанд.  Дар яке аз қадимтарин сарчашмаи  таърихии миллати тоҷик-китоби муқаддаси “Авесто” зан ҳамчун офаранда ва манбаи меҳр дар радифи замин як ҷо дар радифи ҳамдигар оварда шудааст. Аз ин ҷост, ки заминро ниёгони мо модари дуюм меҳисобиданд. Зан, инчунин, ба пиндори ниёгони мо олиҳаи покӣ дониста мешуд.

      Бузургтарин вазифаи модари тоҷик аз азал тарбияи фарзандони ватандӯсту ватанпараст, бонангу номус, нобиғаву храдманд, далеру шуҷоъ, озодихоҳу адолатпарвар ва ҳунарманду созанда будааст. Ин рисолат дар замони соҳибистиқлолӣ бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи зарурӣ амалӣ гашта, боиси харчи бештар фаъол гаштани нақши занон дар ҷомеа гардидааст. Ташаббусҳои Сарвари давлат дар бораи таъмини иштироки занон дар сатҳи қабули қарор, намояндагии онҳо дар ҳама шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, фаъолияти онҳо дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат занони тоҷикро баҳри назаррас гардонидани мавқеи худ ҳавасманд карда, имконияти мусоидро баҳри худсозии онҳо фароҳам овард. Симои нави зани роҳбар дар замони соҳибистиқлолӣ ташаккул ёфта, ҷомеа аз он ба хушӣ пазироӣ намуд. Занон дар раванди таҳкими давлатдории миллӣ рисолати нигоҳдорандаи фарҳанг, забон, урфу одат ва анъанаҳо, рисолати ҳифзкунандаи муқаддасоти оила ва тарбияи фарзанд ва рисолати ходими фаъоли ҷамъиятию давлатиро адо намуда истодаанд. Тавассути ин ҳама дастгириҳои имрӯз мақоми зан дар ҷомеа боло рафта, баробари мардон номуси ватандориро ба дӯши худ гирифта, дар рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат саҳм мегузоранд.

 Равшанзода Ш., мудири бахши кор бо ҷавонон занони КИ ҲХДТ дар н.Хуросон