МАҶЛИС ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ "КУМАКРАСОН"

Хуросон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Баргузории вохӯрӣ оиди шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми Президенти мамлакат ва дастуру супоришҳои мушаххас ба ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ!
Хуросон: Имрӯз муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Ғуломов Саидасрор Ҷурабекович тибқи нақша чорабиниҳо ва кору фаъолияти ҲХДТ дар ноҳия ҷиҳати расонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Кӯмакрасон" идома дода тарғибу ташвиқи Паёми Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар байни насли наврасу ҷавон ва дигар аҳолии ноҳия аз масъулони ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва аъзоёни ҳизб талаб намуд.
Хотиррасон менамоем,кӣ ҳамасола Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакатро дар бар мегирад, вале масъалаи тарбияи дурусти насли наврасу ҷавонон,ки оянда ва созандагони ватану миллат мебошанд, махсус қайд карда мешавад ва таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, онҳоро ҳамчун моликияти ақлию зеҳнӣ ва қувваи бузурги созандаи миллат дониста пайваста мавриди ҳимояти давлатӣ қарор медиҳад.
Дар вохӯрӣ Ғуломов Саидасрор оиди бедор намудани ҳисси худогоҳиву хештаншиносии насли ҷавон суханронӣ намуданд.
Қайд гардид,ки яке аз қонунҳои миллии мо ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ба шумор рафта, риояи талаботҳои бандҳои онро аз ҳар як нафар сокини ноҳиятақозо менамояд