Илм ва маориф асоси сиёсати Пешвои Миллат!

Хуросон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Ғуломов Саидасрор Ҷурабекович аз сохтмони Муассисаи таҳсилоти Миёнаи умумии рақами 32-и деҳаи ба номи Имоми Аъзами ҷамоати деҳоти Фахрободи ноҳияи Хуросон, кӣ дар доираи аксияи ҳизбии " Якҷоя месозем" бо дастгирии бевоситаи узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон, раиси ноҳияи Хуросон мӯҳтарам Аҳмадзода Илҳом ва сокинони бо нангу номуси ин деҳа ва ноҳия сохта шуда истодааст дидан намуданд ва сохтмончиёну аъзоёни фаъоли ҲХДТ вохӯрӣ баргузор намуда онҳоро барои ин фаъолияти пурсамар сипосу миннатдорӣ зоҳир намуданд.

Муассисаи Таҳсилоти Миёнаи Умумии сохташуда дуошёна буда аз ёздаҳ синфхона ва ҳуҷраҳои роҳбарияту хоҷагидорӣ иборат буда дар доираи дастуру супоришҳои бевоситаи Сарвари мамлакат ва дар доираи аксияи ҳизбӣ сохта шуда истодааст ва дар ояндаи наздик ба истифода дода хоҳад шуд,кӣ дар баландбардории сатҳу сифати таълим дар деҳа саҳми бениҳоят арзишманд хоҳад гузошт.