ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ НУҚТАҲОИ АСОСИИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ!

Хуросон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз бо мақсади расонидани мазмуну мӯҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ва Маҷлиси намояндагон бо сокинони Ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ №4- и ноҳия вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Аз ҷониби намояндагон доир ба масъалаҳои марбут ба шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии намудани ҷавонону наврасон аз омилҳои номатлуби ифротгароӣ, терроризму экстеремизм, муқовимат ба коррупсия, зуровари дар оила, ҷудошавии оилаҳо инчунин дар бораи риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ" ва дигар масъалаҳои дахлдорро мавриди баррасӣ қарор доданд.