МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗИИ "ШУЪБАИ ОМОРӢ"

Хуросон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз дар асоси ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бо иштироки Ғуломов Саидасрор Ҷурабекович-муовини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Шуъбаи  омор" маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид.

Тибқи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис раиси ташкилоти ибтидоӣ ба сухан баромада, доир ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ҳисобот пешниҳод намуд, ки аз ҷониби кормандони ташкилоти ибтидоӣ қаноатбахш арзёбӣ гардид.

Дар маҷлис инчунин, масъалаҳои дар рӯзномаи маҷлис баррасӣ шуда, нисбати онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Сипас, дар ҷараёни баргузории маҷлис бо дастгирии аксарияти иштирокчиён тибқи масъалаҳои дигари рӯзномаи маҷлис  Забиров Муродалӣ раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Шуъбаи омор" интихоб гардид.

Баъдан, Ғуломов Саидасрор оиди ҷоннок намудани фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ, иштироки фаъолонаи аъзои ҳизб дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, тақвият бахшидани фаъолияти ҳизбӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватанпарастиву хештаншиносӣ суханронӣ намуд.