БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ - ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ СИТОРАЧА”

Хуросон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон санаи 23-уми августи соли равон маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ситорача” баргузор гардид.

Дар кори маҷлис мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Қосимов Нурулло ва аъзоёни ташкилот иштирок намуданд.

Маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоии “Ситорача” Раҳимова Парвина оғоз намуда, аз рӯи чор  масъала:

1. Ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ситорача ” дар давраи ҳисоботӣ;

2. Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон;

3. Интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ситорача”;

4. Масъалаҳои ташкилӣ ва аъзо намудан ба аъзогии ҳизб кори худро идома дод.

Тибқи рӯзномаи маҷлис ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ситорача” оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни 2023 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, дар амал татбиқ намудани қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 25-уми майи соли 2023, №1 “Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” ва дигар масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ гардиданд. Дар идомаи маҷлис Қосимов Нурулло баромад намуда, иброз доштанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз оғози фаъолият то ин давр фаъолияти худро дар партави сулҳи комилу ваҳдати пойдор баҳри зиндагии арзанда ва пешрафти хеш роҳандозӣ намуда истодааст. Чун асолати аслии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ин сарҷамъи миллат аст.

Ҳамчунин, раиси тозаинтихоби ташкилот Раҳимова Парвина  баромад намуда, зикр намуд, ки имрӯз ҲХДТ ҳамчун ниҳоди давлатӣ баҳри пешбурди тамоми соҳаҳои афзалиятноки ҷамъиятӣ талош меварзад.