БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ЛОЛА” Боғчаи №1

Хуросон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 22.08.2023 тибқи ҷадвали тасдиқгардида дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии  “Лола” маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид.

Дар кори маҷлис мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Қосимов Нурулло иштирок намуд. Аз рӯи ҳамаи 4 масъалаи рӯзномаи маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур шунида шуда, интихоби раис ба овоз гузошта шуда, Кенҷаева Ҳабиба  аз нав раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб гардид.

Дигар масъалаҳои рӯзнома, алалхусус иҷрои маъракаи Обуна ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ” мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.