Вохӯрии навбатии раиси ноҳияи Хуросон бо хоҷагидорон ва фаъолони ноҳияи Хуросон

Хуросон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Имрӯз бо роҳбарии раиси ноҳияи Хуросон муҳтарам Аҳмадзода Илҳом ва бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Ғуломов Саидасрор Ҷӯрабекович ва дигар роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ вохӯрӣ бо хоҷагидорон ва фаъолони ҷамоати деҳоти Қизилқалъаи ноҳия дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 20- и ноҳия баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ раиси ноҳия дастовардҳои ноҳияи Хуросонро дар солҳои Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон хотиррасон намуда, аз хоҷагидорон ва фаъолон даъват ба амал овард, ки баҳри таъминоти озуқавории мардум аз заминҳои кишоварзӣ ду-се ҳосил парвариш карда шавад, инчунин бояд ҳафтод фисади киштукори хоҷагиҳо бояд аз пахта иборат бошад.
Раиси ноҳияи Хуросон ҳамчун аъзои Раёсат ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон ба аъзогии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби пешбарандаи ҷомеа дохил шуданро шараф ва ифтихор арзёбӣ намуд ва ба хоҷагидороне, ки ба сафи ҳизб дохил шуданианд, пешниҳод намуд, ки ба ташкилотҳои ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар деҳаҳо муроҷиат намуда, ба ҳизб дохил гарданд.
Инчунин, дигар масъалаҳои мубрами ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии ҷаҳони имрӯза мавриди баррасӣ қарор дода шуд.