Аксияи ҳизбӣ зери унвони “Даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Хуросон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ҳошияи дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқиии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон якчанд иқдомҳои ободониву созандагиро мавриди амал қарор доданд.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон, оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Аксияи ҳизбӣ зери унвони “ Даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ” бо иштироки ҷавонони фаъоли ноҳия намояндагони ТҶҶ «Созандагони Ватан» гузаронида шуд.

Хизмат ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мо ҷавонон шараф аст ва ҳар як ҷавони бо нангу номуси миллат бояд ба қадри Ватан, Модар расида, хизмати ҳарбиро адо намояд. Ба қавли шоир:

Кист сарсупурдаи Ватан ману туем, ману туем,

Он ки дуст дорад ин чаман ману туем, ману туем.

Ин чорабинии оммавӣ дар асоси нақшаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон  роҳандозӣ шуда, ҷавононро ба мардонагию матонат даъват намуда, ҳисси худогоҳӣ, ватандӯстию хештаншиносии онҳоро бедор менамояд. Оиди чорабинии мазкур ҳар моҳ дар асоси барқияи ирсолнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон гузаронида хоҳад шуд.