Мусобиқаи варзишӣ, аз намуди “Шашка” байни аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” бахшида ба 30-солагии ҲХДТ.

Хуросон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Хуросон: Бахшида ба 30-солагии ҲХДТ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон санаи 7-уми августи соли равон дар толори Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Хуросон  дар байни васеъи аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан мусобиқаи шашка доир гардид, ки шумораи зиёди ҳаводорони ин варзишро ба худ ҷамъ овард.

Мусобиқа тибқи низомнома бароҳ монда шуда аз тарафи доварони пуртаҷриба рафти мусобиқа корбари карда шуда ғолибон муайян карда шуданд.

Мақсади баргузории ин мусобиқаҳо баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, таҳкими нерӯи зеҳнии ҷавонон ва пешгирии ҷинояткорӣ мебошад.
Мавриди қайд аст, ки чорабиниҳои варзишӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, барои таҳким бахшидани дӯстию рафоқат дар байни ҷавонон манфиатбахш мебошад.

Мудири бахши Занон ва Ҷавонони Кумитаи иҷроияи  Ҳизби  Халқии Демократии Таҷикистон дар ноҳияи Хуросон  Шодалӣ Равшанов