Аксияи “Рӯзи ёдоварӣ” гузаронида шуд.

Ховалинг: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ховалинг:Санаи 26- июни соли ҷорӣ бо иштироки бе воситаи кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг дар Ҷамоати шаҳраки Ховалинг  амалиёти  “Рӯзи Ёдоварӣ” дар оромгоҳи “Хоҷа Аюбӣ Ансорӣ” гузаронида шуд.

Дар баргузории амалиёт беш аз 60–нафар аъзоёну ҷонибдорони ҳизб,20-нафар волонтиёрон ва 6-нафар имомхатибон иштирок намуда зиёда аз 210 м2 заминҳои дохили қобристонҳоро аз хасу хошок ва алафҳои бегона тоза намуда, 250-метр симтурҳои гирду атрофи онҳоро аз нав мустаҳкам намуданд.