Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилоти ибтидоии «Шарифхони Мирзо»

Ховалинг:  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шарифхони Мирзо» маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид. Дар кори маҷлис раиси ташкилоти ибтидоӣ, котиб ва аъзоёни ташкилот иштирок доштанд.

Ҳамчунин, дар кори маҷлис мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг Ҷаъмахон Файзов ва мудири шуъбаи омори кумитаи иҷроия Адибаи Субҳон  ширкат намуданд.

Маҷлис аз рӯи масъалаҳои зерин: Ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шарифхони Мирзо» -и ноҳияи Ховалинг. оид баҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи солҳои 2022-2023 ва нимсолаи аввали соли 2024 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда.

  1. Дар бораи аъзои Раёсати ташкилоти ибтидоии «Шарифхони Мирзо»
  2. Интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шарифхони Мирзо».
  3. Интихоби муовини раиси ташкилоти ибтидоии «Шарифхони Мирзо».
  4. Интихоби вакилон ба Конференисияи   -уми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг ва дигар масъалаҳои ҷорӣ кори худро оғоз намуд.

Раиси ташкилоти ибтидоӣ вобаста ба фаъолияти ташкилоти мазкур ба таври пурра ҳисобот дод. Аз рӯи дигар масъалаҳо аъзоён баромад ва суханронӣ карданд. Дар маҷлис раиси ташкилоти ибтидоӣ ва муовини ӯ аз сари нав бо овоздиҳии якҷояи аъзоён интихоб гардид.