Мо бояд таблиғгари либосҳои миллии худ бошем

Ховалинг: Андеша  

Ҳар як давлату миллат арзишҳое доранд, ки дар бархурди марҳилаҳои таърихӣ арзишмандтарин ва қимматарини онро бояд ҳифз намоянд. Дар баробари дигар арзишҳо либоси миллӣ низ яке аз ҳамин арзишҳое ба ҳисоб меравад, ки ҳар ҳар як шаҳрванд бояд кушиш ба харҷ диҳад, то дар марҳилаҳои таърихӣ  ҳифзи онро тавонад, ки нигаҳ дорад. Мо либоси миллӣ гуфта, танҳо либосҳои занонаро не, балки либосҳои мардона низ метавонанд, миллатро муаррифӣ намоянд. Аммо бештар ба назар мерасад, ки занону бонувон ба либосҳои бегона рӯ овардаанд ва тақлид ба фарҳанги бегона месозанд, ки ин нигаронкунанда аст. Дар тан кардани либоси миллӣ, агар иффати зани тоҷик ва шарму ҳайёи ӯ бошад, дар сатҳи дигар кишварҳо муаррифии симои зани тоҷик ба ҳисоб меравад.

Либоси миллии тоҷикон таърихи қадима дошта, ҷузъи таркибии фарҳанги миллӣ аст, ки он аз завқи зебопарастии мардуми тоҷик дарак медиҳад. Ҳамчунин, либоси миллӣ яке аз василаҳои муассири муаррификунандаи арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Арзишҳои миллӣ, арзишҳои муҳиму ивазнашавандае мебошанд, ки новобаста ба манфиатҳои сиёсӣ, мавқеъ ва ақидаҳо аз ҷониби аҳли ҷомеа бояд ҳифз карда шаванд. Дар замони глобализатсия ё ҷаҳонишавӣ барои дилхоҳ миллат, барои пешгирӣ кардан аз нобудӣ маҳз ана ҳамин нақши либосҳои миллӣ муҳим мебошад.

 Мо бояд ифтихор аз он намоем, ки бо ташаббусу иқдомҳои наҷибонаи Пешвои муаззами миллатамон либосҳои миллии мо чакану атласу адрас ба феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият шомил гардидааст. Бо дарназардошти чунин дастовардҳои фарҳангиву миллӣ нақш ва масъулияти занону модарон ҷиҳати нигоҳдошт, ҳифз ва тарғиби либоси миллӣ зиёдтар мегардад ва танҳо занони оқилаву донишманд метавонанд робитаро байни наслҳо мустаҳкам намуда, устувории ҳувияти миллиро таъмин намоянд.

Аммо бо вуҷуди ҳамаи ин дар ҷомеаи муосир бонувоне ба чашм мерасанд, ки таваҷҷуҳ бештар ба либосҳои бегона доранд. Тақлид ба бегонагон ин бештар барои мо набояд хос бошад, чунки мо соҳиби либосҳои шинаму зебое ҳастем, ки талаботҳои эстетикиву моддии моро қонеъ мекунанд.

 Бояд имрӯз мо аз либоси миллии худ ифтихор дошта бошем. Худи мо бояд таблиғгари либосҳои миллии худ бошем. Барои зани тоҷик пироҳани миллиро ба бар кардан, ин ифтихори ӯ бояд бошад ба хотире, ки вай муаррифкунандаи ана ҳамин насл аст, рукнҳои фарҳангӣ ва арзишҳое, ки ба фарҳанги мо хос аст дар ҳамон сатҳ худашро муаррифӣ кунад. Сиёсати фарҳангсолории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд ҳар як зан ва духтари тоҷикро водор намояд, ки ҳисси баланди ифтихори миллӣ дошта бошад ва ба ҳамин ифтихор аз пироҳани худ, аз номуси худ, аз иффати зании худ бо ифтихор сухан кунад ва зиндагии шоиста барад.

Садафмо Назарова, мудири бахши зан ва кор бо оилаи МИҲД ноҳияи Ховалинг, аъзои ҲХДТ.