Тоҷикистон Ватани азизи мост ва ҳифзи ҳар як кафи хоки ӯро вазифаи муқаддас мешуморем

Ховалинг: Андеша  

Ватан зодгоҳи мо, ҷоест, ки мо таваллуд ёфта, ба воя расидаем. Диёри мост, кишвари мост ва дар умум хонаи умеди ҳар яки мост. Аз ин рӯ дар вақти калимаи Ватанро ба забон овардан меҳри модар низ пеши чашмон намудор мегардад ва қарзи фарзандист, ки ҳар як кафи хоки ватанро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.  

Аз ин рӯ дар қатори дигар фаъолияту рафтор ва хизматҳои содиқонаву софдилона, пеш аз ҳама ҷавонони содиқу ватандӯстро зарур аст, ки хизмат ба Ватанро қарзи шаҳрвандӣ ва ҷавонмардии худ шуморанд.

Дар давраҳои қадим низ барои ҳифзи марзу буми кишвар, барои ҳифзи ҳар як  каф хоки поки меҳан аз аҷнабиён ва душамонон тамоми марду зан ва ҷавонон ба по мехестанд. Натиҷа ҳамин аст, ки то имрӯз шиори мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамин аст, ки: «Сар медиҳему Ватанро ба душман намедиҳем». Фирдавсии бузург низ ба ҳамин маънӣ фармудааст:

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

Таҳти ҳамин шиор миллати ватандӯсти тоҷик то имрӯз баҳри ҳифзи марзу буми кишвар ва адо намудани қарзи ватандорӣ камари ҳиммат баста, ҳаргиз аз хизмати Ватан саркашӣ накардааст.

Даврони соҳибистиқлолӣ низ натиҷа ба бор овард, ки пеш аз ҳама мо соҳиби давлати ягонаи озоду обод гардида, Қувваҳои Мусаллаҳро таъсис додем. Дар натиҷа ҷавонони ғаюру ҷасур ва диловари мо дар ин мактаби мардонагиву ҷасорат омӯзиш намуда, баҳри ҳифзи ватани маҳбубамон ҳаматарафа омодагӣ мегиранд, ки ин анъана то имрӯз идома дорад.

Бо ташаббуси бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари хирадманду ватандӯсти кишвар ин ниҳод рӯз аз рӯз афзоиш ёфта, шароит дар ҳама қисмҳои ҳарбӣ хуб шуда истодаанд ва сафи ихтиёрин низ аз тарафи ҷавонони сини даъватӣ ҳамасола дар ду мавсими даъват рӯ ба афзоиш аст.

Аммо нигаронкунанда аст, ки бархе аз ҷавонон то имрӯз аз хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳар роҳу восита баҳонаҷӯӣ карда, сарпечӣ месозанд, ки ин барои ҷавони тоҷик бисёр нанговару шармовар аст.

Баъзан падару модарон ва наздикону пайвандон низ дар ин роҳ ба чунин ҷавонон роҳбаладӣ намуда, онҳоро ба муҳоҷират ва ё ба ягон канори дигар мефиристанд, ки ин бешарафӣ ва бевиҷдонии чунин волидонро нишон медиҳад.

Мақсад аз гуфтаҳо ин аст, ки ҳар як ҷавони ватандӯст, ки худро сокини кишвари азизамон-Тоҷикистон соҳибистиқлол мешуморад ва дар ҳар як кунҷу канор даст ба пеши сина зада, «Тоҷик ҳастам»-мегӯяд, бояд аввалан қарзи тоҷик будани худ, хизмати Ватанро адо намояд. Худро нишон диҳад, ки воқеан ҳам фарзанди Тоҷикистон аст ва баҳри ҳифзу ҳимояи Ватан ҷони худро дареғ намедорад.

Аз падару модарон низ даъват ба амал оварда мешавад, ки нисбат ба адо намудани хизмати ҳарбии фарзандон бетарафӣ зоҳир накарда, онҳоро дар руҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ тарбия намоянд, ки фарзандон баҳри адои хизмати ҳарбӣ завқ пайдо намуда, ихтиёран ба ин ниҳод ҷалб шаванд.

Ғайр аз падару модарон хешону пайвандон, наздикону ёру бародарон низ метавонанд тарғибгари чунин ҷавонон бошанд. Дар он сӯрат бо ифтихор метавон гуфт, ки Тоҷикистон ватани ҳамаи мо тоҷикистониён аст ва ҳифзи ҳар як кафи хоки ӯро вазифаи муқаддаси худ мешуморем.

Асадуллозода В.Д.,

Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг.