ТАРҒИБГАРИ ФАРҲАНГУ ОИНҲОИ МИЛЛӢ БОШЕМ

Ховалинг: Андеша  

Имрӯзҳо дар кишвари азизи мо муд мавзӯи доги рӯз гардида, аксарияти ҷавононро шомил ба фарҳанги бегона гардонидааст. Яъне, бархе аз ҷавонон тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба фарҳангу миллати бегона завқ бурда, пӯшидани либоси миллатҳои бегонаро ҳамчун муд қаблу кардаанд, ки ин аз як тараф зебогии ҷавони тоҷикро коста гардонида, аз тарафи дигар шарму ҳаёро, ки хоси мо мардуми тоҷик аст аз миён мебардорад. Шоҳиди ҳол гардидаем, ки дар аксар маврид духтарони тоҷик бо либосҳои нимурён ва дар тан часпида дар чорабиниву маъракаҳо ширкат намуда, ҳатто аз доштани чунин либосҳо ифтихор низ мекунанд.

Дар давраҳои пеш занону бонувон бо либоси миллӣ худро зебу зиннат медоданд, вале шарму ҳаё ва номуси худро чун гавҳараки чашм нигаҳ медоштанд, ки ин аз бузургию фарҳангшиносии миллии онҳо дарак медод.

Барои миллати тоҷик, хусусан барои занону бонувон шарму ҳаё ва номус   дар мадди аввал бояд гузошта шавад. Ҳаё зеби зиннати ҳар як бону мебошад. Ин нуқтаро бузургони мо низ дар риштаи назм кашида, иброз доштаанд, ки:

Аз ҳаё магзар, ки дар номусгоҳи эътибор,

Шарм мардонро виқор асту занонро зевар аст.

Бояд дар қатори занон мардон низ шарму ҳаё дошта бошанд. Ба беҳудагӯиву суханони бемаъно қадри худро паст назананд. Вале имрӯз мутаассифона, занону хоҳарони тоҷики мо дар либоспӯшӣ ва сатрпӯшӣ ба дигар давлатҳо ва миллатҳо, ки дар оини либоспӯшии миллати тоҷик вуҷуд надорад, тақлид ва такя менамоянд, ки ин фарҳангу оини либоспӯшии миллати моро коста мегардонад. Мардону ҷавонони мо бошанд, бештар ба ҳунармандони дигар давлатҳо, аз ҷумла ҳунармандони турк тақлид намуда, либосҳои ношинаму нозеб ба бар менамоянд, ришҳои расидаи худро натарошида, онро ҳархела ороиш медиҳанд, ки воқеан ҳам тақлид ба фарҳанги бегона аст.

Ин қабил одамон чунин амалро барои мӯд нишон додан ва худнамоӣ, баъзан нафарон барои амалӣ намудани мақсадҳои нопоки худ чунин рафтор мекунанд, ки ки ин хоси мардуми тоҷик нест ва нахоҳад буд.

Аз ин рӯ, таклифу пешниҳод менамоем, ки бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, пешгирии ҳуруфотпарастӣ ва даст задан ба амалҳои ба миллати мо бегона, сатрпӯшии занону духтарон, ришмонии ҷавонписарон дар ҷомеаи имрӯза миёни ҷавондухтарону ҷавонписарон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир карда шаванд.

Тарғиб намоем, ки мо дар замони оромиву осоиштагӣ қарор дорем. Кишвари мо низ дар ҳоли рушд аст ва илму техника рӯ ба тараққӣ аст. Мебояд, ки аз тарғиби фарҳангу оинни миллатҳои бегона даст кашида, пайи омӯзиш ва аз худ намудани касбу ҳунарҳои гуногун шавем. Кушиш ба харҷ диҳем, то дигар миллатҳо ба мо пайравӣ карда, фарҳангу оини моро тақлид намоянд.

Фарҳод Давлатов - мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг.