ДАР МАРКАЗИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ ДАРАХТОНИ ҲАМЕШАСАБЗУ ОРОИШӢ ШИНОНИДА ШУД.

Ховалинг: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо ташаббуси мақмоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг ва КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг маъракаи кабудизоркунӣ гузаронида шуд.

Дар ин маърака коллективи кормандони ташкилоту муассисаҳо ва аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Идораи шаҳрдорӣ» ширкат намуданд.

Онҳо аз рузҳои мусоиди офтобии фасли баҳор истифода намуда, дар маркази ноҳия дарахтони сояафкану ороиширо шинониданд, ки ба ҳусни ноҳия зебогии дигар зам намуд.

Дар ин маъракаи кабудизоркунӣ шахсан худи иҷокунандаи вазифаи раиси ноҳия Набизода Фаррухиддин Амурдин ва раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг Асадуллозода Ватани Давлатхуҷа ширкат намуда, саҳми худро дар шинонидани дарахтони сояафкану ороишӣ гузоштанд.