БОҒПАРВАР АЗ ДЕҲАИ ЗЕЛОЛАК

Ховалинг: Андеша  

Боғпарварӣ шуғли асосии мардуми куҳистон, аз ҷумла сокинони ноҳияи Ховалинг буда, дар фаслҳои баҳору тирамоҳ  аксарияти мардум дар заминҳои наздиҳавлигӣ ва иҷоравӣ ба шинонидани навъҳои гуногуни дарахтон машғул мегарданд. Мақсад аз шинонидани дарахтон ва парвариши боғ ин ҳифзи муҳити зист, зебо гардонидани табиати диёр ва манфиат бардоштан аз самараи меҳнат аст. 

Сокини деҳаи Зелолаки Ҷамоати деҳоти Шугнов Ҷаъмахон Разоқов аз зумраи нафароне мебошад, ки мунтазам бо оилаи кафи дасти худ ризқу рӯзии худ ва фарзандонро пайдо менамояд ва то имрӯз пеши нафаре ниёзманд нагардидааст. Меҳнатдӯст аст ва пешаи боғкориро аз худораҳматии падараш марҳум бобои Абдуразоқ ба мерос гирифтааст. Сухани «Дигарон шинониданд мо хӯрдем, мо мешинонем то дигарон бихӯранд» шиори ҳамешагиаш аст.

Дар замини назди ҳавлигӣ ва замини иҷоравиаш навъҳои гуногуни дарахтони мевадиҳанда, аз қабили себ, тут, гелос, зардолу, шафтолу, олучабандак, навъҳои гуногуни олу, ноку нашпотӣ ва ғайраҳоро шинонидааст, ки имрӯз бороваранд ва мардум аз меваҳои он ком ширин менамоянд.

Ҷаъмахон Разоқов ба ин дарахтони боровараш худро қаноатманд намеҳисобад. Дар ҳар як кунҷу канори заминҳо, ки ҷойи холигӣ бинад, ҳатман як дарахте мешинонад. Мақсадаш ин аст, ки дарахтони пешина, ки пир шуда, аз самар монданд, навниҳолон самаровар шаванд.

Ба ғайр аз дарахтони мевадиҳанда зиёда аз 500 ниҳоли ар-арро сабзондааст, ки ҳамасола мавриди истифода қарор медиҳад.

Дар атрофи заминҳои ба уҳдадоштааш зиёда аз 700 қаламчаи меваи настаран (хуч)-ро парвариш намуда истодааст, ки алҳол боровар гардида, аз ҳосили онҳо манфиати бештар ба даст меорад.

Дастуру супоришҳои Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин ва бунёди боғу токзорҳои нав низ бо мақсади он аст, ки ҳар як нафар замини ба уҳдадоштаашро самаранок истифода намуда, дар баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳли оилаи худ саҳми муносиб гузорад.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинг Набизода Фаррухиддин Амрудин низ ҳар як вохӯрие, ки бо аҳли ҷамоатчигӣ дар деҳаву маҳаллаҳо мегузаронад, аз бунёдкорӣ, ободонӣ, шинонидани дарахтони мевадиҳандаву сояафкан, хусусан дарахти ар-ар, сухан мегӯяд ва мардумро низ таъкид месозад, ки бештар ба шинонидани дарахт, аз ҷумла дарахти ар-ар машғул шаванд, зеро манфиати ин дарахт ниҳоят бештар аст.

Дигар сокинонро мебояд аз заҳмату меҳнати чунин нафарон, ки мунтазам вақти холигии худро ба шинонидану нигоҳубин ва парвариши  дарахтони мевадиҳандаву самарабахш мегузаронанд, таҷриба гирифта, сатҳи зиндагӣ ва некуаҳволии худро баланд бардоранд.

Ҷаъмахон Файзов - муовини раис - мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг.