АКСИЯИ НИҲОЛШИНОНӢ ВА КАБУДИЗОРКУНӢ БО ТАШАББУСИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ «ФАРҲАНГ»

Ховалинг: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи аксияи ҳизбии зери унвони "ҲХДТ - ҳизби созанда ва ободкор" аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Фарҳанг» баҳри сарсабзу зебо гардонидани атрофи мактаби санъати бачагона ва китобхонаи марказӣ, ҳамчунин баҳри кабудизоркунии саҳни муассисаҳои фарҳангӣ саҳми бузург дошта бошанд.

Аксияи мазкур дар саҳни мактаби санъати бачагона ва китобхонаи марказӣ доир гардида бо иштироки ҳаммаи аъзоён навъҳои гуногуни дарахтони сояафкану мевадиҳанда ва гулҳои ороиширо шинониданд, ки аз фарҳангу маданияти баланди зебоипарастии аҳли фарҳангиён шаҳодат медиҳад.