АКСИЯИ ТОЗАГИВУ ГУЛШИНОНӢ АЗ ТАРАФИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ «ИДОРАИ ШАҲРДОРӢ»

Ховалинг: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар оғози фасли баҳор аъзоёни ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Идораи шаҳрдорӣ» дар доираи аксияи ҳизбии "ҲХДТ -ҳизби созанда ба бунёдкор" масъулияти ҷиддӣ дарк намуда, аксияи гулшинонӣ ташкил намуданд.

Онҳо дар кучаву гулгаштҳои ноҳия заминро нарм карда, навъҳои гуногуни гулҳои ороиширо шинониданд, ки ин амали онҳо ба ҳӯсни ноҳия зебогии дигар зам менамояд.

Ҳамчунин бехи дарахтони ороишиву сояафканро дар ин рӯзҳои мусоиди офтобӣ нарм карда, навдаву шохаҳои онҳоро аз шохаҳои хушк тоза намуджа истодаанд.