СИЛ БЕМОРИИ СИРОЯТКУНАНДА, АММО ТАБОБАТШАВАНДА АСТ

Ховалинг: Андеша  

Саломатӣ неъмати бузург ва гавҳари ноёб барои ҳар як инсон аст. Инсон барои нигоҳ доштани саломатӣ пеш аз ҳама бояд тозгиро нигоҳ дорад. Зеро тозагиро гарави саломатӣ мегӯянд. Аксарияти бемориҳои сироятӣ аз риоя нагардидани гигиенаи шахси пайдо мешаванд. Дар қатори дигар бемориҳои сироятӣ имрӯз бемории сил масъалаи мубрами рӯз гардидааст.

Дар ин раванд бояд ҳар яки мо донем ва огоҳ бошем, ки СИЛ бемории сирояткунанда буда, барангезандаи он микробактерияи сил мебошад, ки онро чубчамикроби Кох (бо номи олиме, ки онро 24-уми марти соли 1882 кашф кардааст) низ меноманд.

Манбаи асосии сироят шахси бемории сили шушдошта мебошад., ки ӯ ҳангоми сулфа, атса ва ё туф кардани балғам ва ҳатто ҳангоми гап задан чубчамикробро ба муҳити атроф хориҷ мекунад ва шахси солим аз ин ҳво нафас кашида сироят меёбад. Яъне роҳи асосии сироят бо роҳи қатрагӣ-ҳавоӣ мебошад. Намудҳои гуногуни  сил, аз ҷумла сили гурда, сутунмуҳра, устухон ва ғайраҳо ҳастанд, вале аз ҳама бештар инсонҳо ба бемории сили шуш гирифтор мешаванд. Як бемори сили шуши микробхориҷкунанда дар як сол метавонад 10-15 нафарро сироят намояд.

Бемории сил нишонаҳои худро дорад. Сулфаи давомнокиша аз ду ҳафта, камшваии вазн, заифии бадан (бемадорӣ), таби на он қадар баланд (то 37,9 дараҷа), арақкунии шабона, камшавии иштиҳо, дарди қафаси сина, хунтуфкунӣ аз нишонаҳое мебошанд, ки ба бемории  сил гирифтор шудани шахсро нишон медиҳанд. Дар  ҳолати мушоҳида намудани чунин нишонаҳо дар худ ё наздикон ҳатман ба муассисаҳои тиббии наздиктарин муроҷиат намудан зарур аст.

Ҳангоми пайдо шудани нишонаҳои бемории сил бемор ҳатман балғамро барои ташхис бояд супорад. Ин намуди ташхис бо усули микроскопӣ ройгон мебошад. Бояд иброз намоем, ки бемороне, ки нишонаи бемории сил доранд дар давоми ду рӯз бояд се намунаи балғамро барои ташхиси  микроскопӣ супоранд. Вақте, ки ташхис вуҷуд доштани нишонаҳои монанд ба бемории сил ва натиҷаи манфии онро муайян мекунад, ҳатман аз муоинаи рентгенӣ  ё флюорографӣ гузаштан зарур аст.

Дар ин ҳолат табобат бояд кард ва табобати бемории сил ҷиҳатҳои махсуси худро дорад. Бояд ҳамагон ёдрас бошем, ки табобати бемории сил дар навбати аввал дарозмуддат мебошад.  Муҳлати камтарини табобат на камтар аз 6 моҳ аст. Дар давоми табобат бемор аз рӯи реҷаи муайян бо тавсияи духтури силшинос якчанд намуди доруҳои зиддисилӣ қабул мекунад.

Табобати бемории сил ду давраро дар бар мегирад. Давраи шиддатноки табобат ва давраи кӯмакрасон.

Дар давраи шиддатнок бемор дар беморхонаҳои зиддисилӣ бистарӣ гардида, ҳар рӯз 4-5 намуди номгӯи доруҳои зиддисилӣ қабул мекунад. Ин давра аз 2 то 4 моҳ (вобаста аз ҳолати бемор ва муддати микробхориҷкунӣ)давом мекунад. Баъди пурра гирифтани давраи табобати шидданок бемор дигар барои атрофиёнаш хатарнок нест ва микробхориҷкуниаш низ қатъ мегардад.

Давраи кумакрасон тӯлонитар буда, аз 4 то 7 моҳ давом мекунад ва бемор дар ин давра 2 ё зиёда дору қабул мекунад.

Давраи дуюми табобатро бемор метавонад дар наздиктарин муассисаҳои тиббии ҷойи зист гузаронад. Аммо дар ҳар ду давра бемор доруҳои зиддисилиро зери  назорати кормандони тиб қабул мекунад.

Дар ҳолати аз беморхона ҷавоб додани бемор микробхориҷкуниаш қатъ мегардад ва барои атрофиён бехатар аст. Аммо гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ барои аъзоёни оила ва атрофиёни бемор зарур аст, ки онҳо аз бемор наҳаросида, ҳаматарафа ӯро дастгирӣ намоянд, то табобати худро ба охир расонад. Қидаҳои дурусти санитарию гигиенӣ бояд бе намоишкорона анҷом дода шавад, то бемор руҳафтода нагардад.

Дар ҳама ҳолат бояд огоҳ бошем, ки пешгирии беморӣ аз табобати он дида осонтар аст. Аз ин рӯ пешгирӣ ин маҷмӯи чорабиниҳоест, ки риояи он ба паст гаштани хавфи беморшавӣ мусоидат менамояд. Муроҷиат ва табобати саривақтии бемор, риояи қоидаҳои санитарӣ-гигиенӣ, тез-тез тоза намудани ҳавои хона тариқи кушодани дару тирезаҳо ва пок кардани ҷевону дару тирезаҳои хона бо латтаи тар, ҷудо намудани зарфҳо ва ҷойхоби бемор, пурқувват кардани қувваи худмуҳофизатии бадан, истеъмоли хӯроки дурусту серғизо  аз витамину сафедаҳо ва моддаҳои минералӣ бой, обутоб додани организм, пешгирии махсус (ваксинатсия) ба кӯдакони навзод гузаронидани ваксинаи БСЖ, аз атрофиён ҷудо нигоҳ доштани бемори микробхориҷкунанда ва риояи қоидаҳои муайян, муоинаи саривақтии атрофиёни бемор, аъзоёни оилаи шахси бемор  ва аз муоинаи тиббӣ гузаронидани онҳо, бо доруҳои профилактикӣ таъмин намудани кӯдакони то 6-сола, ки бо шахси бемор дар тамос мешаванд аз ҷумлаи чорабиниҳоест, ки барои пешгирӣ аз хуруҷи беморӣ мусоидат менамояд.

Зафар Мирзоев, директори маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар ноҳияи Ховалинг, аъзои ҲХДТ.