Амалҳои террористиву иғвоангезонаи ифротгароёнро маҳкум менамоем

Ховалинг: Вокуниш  

Воқеаҳои террористие, ки  рӯзҳои охир дар кишвари Русия ба вуқуъ пайваст мо мардуми тоҷикро нигарон намуд. Якчанд нафар хоинону бадхоҳон худро тоҷик муаррифӣ намуда, амалҳои террористиро анҷом дода, вазъиятро дар як кишвари тараққикардаву пешрафта ва дӯсти мо нооромиро ба миён оварданд, ки ин амали онҳо нобахшиданист.

Ин нафаронро тоҷик ва аз ноҳияҳои гуногуни кишвари мо муаррифӣ муаррифӣ намуданд. Аммо дар саҳифаҳои фейсбукӣ нафароне, ки ҳамчун гумонбаршудагон номҳояшон паҳн гардида буд, баромад намуда, иброз доштанд, ки мо пеш аз ин воқеа ба Ватан баргаштаему, амну осоишта фаъолият намуда истодаем.  Нафари дигараш то ҳол дар кишвари Русия дар муҳоҷират аст ва иброз доштааст, ки ин гуфтаҳо нисбати онҳо туҳмате беш нест.

Он нафароне, ки ба ин амали террористӣ даст задаанд, бо амалу рафтори терористӣ ва хиёнаткоронаашон номи як миллати ободу озод ва соҳибмаърифатро паст заданианд. Ғайр аз ин ҳастанд тоҷиконе, ки ватанфурӯшӣ карда, шаҳрванди дигар кишварҳо гардидаанду, бо амали хиёнаткоронаву ифротгарона ва супориши хоҷагони хориҷиашон барои дарёфти маблағи ҳаром  пайи ноором сохтани давлатҳои орому осудаанд.

Мо миллати сарбаланди тоҷик чунин нафаронро ҳаргиз тоҷик намешуморем ва аз ҳаммилат буданамон бо чунин хиёнаткорону иғвоангезон пурра даст мекашем. Амалҳои чунин нафарони террористу фитнаангезро пурра дар якҷоягӣ маҳкум менамоем.

Мо соҳиби давлату ватани ободу озод ҳастем ва Сарвари оқилу доно ва хзирадманду дурандеш дорем, ки мунтазам зимини суханрониҳояшон иброз медоранд, ки: «Террорист Ватан, миллат, дину мазҳаб надорад. Барои террорист Ватан, падару модар, бародару хоҳар, арзишҳои миллӣ ягон қадру мазаллат надошта, бо як пули ҳаром ҳамаи онро мефурӯшад». Аз ин рӯ мо низ дар пайрави аз Пешвои муаззами миллатамон амалҳои террористии гурӯҳе, ки худро тоҷик муаррифӣ намуда, номи миллати моро паст задан мехост, маҳкум намуда, ҳаргиз онҳоро ҳамчун ҳамватану ҳаммилат қабул надорем.

Ба оилаҳое, ки дар кишвари Русия дучори фалокати террористонаи хиёнаткорону фитнаангезон гардидаанд, ҳамдардии амиқ баён намуда, иброз медорем, ки амалҳои хиёнаткоронаву террористонаи ин гурӯҳ нобахшиданӣ аст ва ҳаргиз бахшида нашаванд.

 Кумитаи Иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг.