ТАЪМИРУ СОХТМОН ДАР БИНОИ МАТБАА АЗ ТАРАФИ АЪЗОЁНИ ТАШКИЛОТИ ҲИЗБӢ

Ховалинг: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯз ҳизбиёни ноҳияи Ховалинг  дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Раиси ҲХДТ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободонию созандагиро ба роҳ монда истодааанд.

Коллективи кормандони матбааи ноҳия, ки ҳамагон аъзои ҲХДТ мебошанд баҳри таъмиру сохтмони бинои матбаа ва дигар иншоотҳои ёрирасони он камари ҳиммат баста, ташаббус нишон дода истодаанд. Онҳо тариқи маводҳои сохтмонӣ атрофии биноро мустаҳкам намуда, дохили онро таъмир намуда истодаанд.

Ҳамчунин дар дохили бино дигар утоқҳоро ҷудо намуда, сохта истодаанд, ки барои беҳтар намудани фаъолият роҳандозӣ мегардад.