КОНФЕРЕНСИВУ ОЗМУНҲО БАХШИДА БА ҶАШНИ НАВРӮЗ

Ховалинг: Созандагони ватан  

Наврӯз ҷашни миллӣ, оғози фасли баҳор, айёми зиндашавии табиат ва мавсими кишту кори баҳорӣ аст. Дар ин айём бештар мардум ба ҳифзи табиат, шинонидани дарахту буттаҳои ороишӣ, ниҳолони мевадиҳанда ва ғайраҳо машғул мегарданд.

Шоирон хома ба даст гирифта, дар васфи Наврӯз шеър эҷод мекунанд. Нависандагон васфи Наврӯзро дар риштаи наср тараннум месозанд.

Аз ин рӯ, дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Ховалинг низ ба пешвози ин ҷашни фархундаву ҷаҳонӣ миёни хонандагон-аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» конференсияву суҳбатҳо баргузор гардида истодааст. Ҳамчунин вобаста ба ин ҷашни миллӣ озмунҳои иншои беҳтарин ва расми беҳтаринро роҳандозӣ намуда истодаанд, ки боиси хушнудиву фараҳмандии насли наврас аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» мегардад.