Дарси кушод дар мавзуи ватандӯстӣ

Ховалинг: Созандагони ватан  

Дар муассисаҳои таълимии ноҳия мавзӯи ватандӯстиву ватанпарварӣ ҳамеша мадди назар буда, аксарияти дарсҳои тарбиявию дарсҳои кушод перомуни ин мавзуъ гузаронида мешаванд.

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 низ перомуни мавзӯи ватандӯстӣ ва ҳифзи марзу буми Ватан соати тарбиявӣ гузаронида шуд, ки дар ин соати тарбиявӣ хонандагони синфҳои поёнӣ ширкат доштанд. Ин хонандагон бо руҳӯ илҳоми болида ва завқи баланд дар соати тарбиявӣ иштирок намуда, ҳамчун ҳомии Ватан либоси низомӣ ба бар карда буданд, ки аз ҳифзгарони ояндаи Ватан шаҳодат медод.

Ҳамчунин дар рафти дарс онҳо аз омӯзгорони соҳибтаҷриба дар бораи мафҳуми Ватан, моҳияти он ва ҳифзи марзу буми Ватан қарзи шаҳрвандии ҳар як ватандор маълумот пайдо намуданд.

Хонандагон дар васфи Ватан порчаҳои назмию насриро аз эҷодиёти адибон қироат намуданд, ки хеле хотирмон буд.