Соати тарбиявӣ ба пешвози Рӯзи Модар

Ховалинг: Созандагони ватан  

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23 бахшида ба бузургдошти Рӯзи Модар дарси тарбиявӣ гузаронида шуд.

        Дар ин соати тарбиявӣ бештар перомуни мавзӯи Модар, хизматҳои бузурги модар баҳри рушду камол ёфтани фарзанд, заҳматҳои шабонарӯзии ӯ, ва дигар хизматҳои бемислу монандаш ҳарф заданд.

        Ҳамчунин, хизмати зан-модари тоҷикро дар рушду нуму ва ободии кишвари азизамон низ гуфта гузаштанд. Зеро хизмати бузурги модарон аст, ки имрӯз фарзандон дар руҳияи худшиносӣ тарбия ёфта, ба аҳли ҷомеа меҳру муҳаббати ногусастанӣ доранд.

        Хонандагон-аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар васфи Модар аз ашъори бузургон порчаҳои назмиву насриро қироат карданд.