Синфи рассомӣ дар мактаби санъати бачагона

Ховалинг: Созандагони ватан  

Дар мактаби санъати бачагонаи ба номи Фатҳиддин Тешаеви ноҳияи Ховалинг синфи рассомӣ фаъолият менамояд.

Дар ин синф омӯзгор Давлат  ба хонандагони ин муассиса нозукиҳои фанни расомиро меомӯзонад. Хонандагон-духтарону писарони наврас нисбат ба ин касб шавқу рағбати зиёд дошта, кушиш менамоянд, ки ҳарчи бештар нозукиҳои касби ишғолкардаашонро аз худ намоянд.

Онҳо бештар мавзуъҳои манзараҳои кишвар, рамзҳои давлат, набототу ҳайвонотро тасвир менамоянд.

Расмҳои тасвирнамудаи ин наврасон дар ҳама ҷашну чорабиниҳо мавриди намоиш қарор мегиранд.