Суҳбат бо аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан»

Ховалинг: Созандагони ватан  

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №18 бо иштироки мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг Шарифҷон Набиев миёни хонандагон-аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» суҳбат баргузор гардид.

Дар суҳбат онҳо мавзӯи «Китоб беҳтарин ганҷина барои инсон»-ро мавриди шарҳу таҳлил қарор доданд. Омӯзгорон низ оид ба мавзӯи дар боло зикршуда сухан гуфта, китобро аниси кунҷӣ танҳоӣ ва дусту рафиқи беҳтарин барои инсон муаррифӣ карданд.

Иброз доштанд, ки инсон аз ҳама ҳодисаву воқеаҳои гузашта тавассути мутолиа намудани китоб бархурдор мегардад. Ҳатто ниёгони худро тавассути китоб хондан мешиносад ва аз корнамоиҳои далерону бузургони миллат ҳангоми хондани китоб бохабар мешавад. Ғайр аз мутолиаи зиёди китоб ҷаҳонбинии инсонро васеъ намуда, нутқи одамро  бурро месозад.

Пас месазад, ки пайваста пайи мутолиаи китобҳои бадеӣ бошем ва ба ин васила нутқу зеҳни худро буро созем.

Хонандагон-аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» аз ин суҳбат таассуроти баланд бардоштанд.