Конференсия бахшида ба таъсисёбии Артиши миллӣ дар китобхонаи марказӣ

Ховалинг: Созандагони ватан  

Дар толори китобхонаи марказӣ бахшида ба 31-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид. Дар кори конференсия директори китобхонаи марказӣ ва ҳайати кормандон, китобдорони деҳаву маҳаллаҳо, хонандагон-аъзоёни фаъоли китобхонаи марказӣ ва намояндагони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг ширкат доштанд.

Чорабинӣ бо суханони пурмуҳтаво аз таърихи таъсиси ин ниҳоди бузурги кишвар-Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Ҳамчунин аз тарафи иштирокчиён перомуни хизматҳои бузурги Артиши миллӣ бобати пойдор нигоҳ доштани амну осоиштагӣ, ҳифзи марзу буми кишвар ва якпорчагии Тоҷикистони азиз, ҳамчунин мактаби матонату ҷасорат будани он сухан рафт.

Дар рафти суханронӣ баромадкунандагон иброз доштанд, ки Артиши миллӣ мактаби мардонагӣ аст ва ҳар як ҷавонмарди кишвар вазифадор ва уҳдадор аст, ки аз ин мактаби далериву ҷасурӣ гузашта, баҳри ҳифзи ҳар як кафи хоки муқаддаси кишвар саҳми босазои худро гузорад.

Дар охир аз тарафи хонандагони мактаби санъати бачагонаи ба номи Фатҳиддин Тешаев барномаи рангини косертӣ  пешкаши ҳозирин гардонида шуд, ки саршор аз суруду таронаҳо дар васфи Ватан, Тоҷикистон ва модар буданд.

Рақсҳои ҷолиби ин наврасон хотири аҳли иштирокчиёнро болида гардонид.