Замин рӯзирасони мост ва онро самаранок бояд истифода намуд

Ховалинг: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Сокинони ноҳияи Ховалинг аз ҳар як рӯзи мусоид мунтазам истифода намуда, баҳри иҷрои талаботҳо ва дастуру супоришҳои Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ камари ҳиммат бастанд.

Имрӯз мо ҳизбиён шоҳиди ҳол гардидем, ки дар Ҷамоати шаҳраки Ховалинг, маҳаллаи Тутак сокинон баҳри самаранок истифода намудани замин кмари ҳиммат баста, сабзавотҳои гунолгунро кишт намуда истодаанд. Аз ҷумла дар ин як оила ба шинонидани сирпиёз машғул буд, ки ҳангоми суҳбат иброз доштанд, ки ин намуди сабзавотро бештар дар фасли тирамоҳ кишт менамоянд.

Сокинон иброз доштанд, ки гарчанде дар заминҳои санглох кишт менамоем вале ҳамасола мо дар ин заминҳо кишти сабзавотҳои гуногунро ба роҳ монда, ҳосили дилхоҳ ба бор меорем.

Аз ин суҳбат мо дарк намудем, ки суҳбату вохӯриҳои мо ҳизбиён миёни мардум натиҷаи хос ба бор овардааст ва мардум имрӯз пайи заҳмату меҳнат буда, сатҳи зиндагии худро боло бардошта истодаанд.