Ҷавондухтарони ноҳияи Ховалинг барои рушди ҳунарҳои мардумӣ камари ҳиммат бастаанд

Ховалинг: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Эҳё гардидани ҳунарҳои  мардумӣ яке аз иқдомҳои наҷибонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ мебошад, ки дар кишвар роҳандозӣ гардида, аз- тарафи мардум хуш пазируфта шудааст.

Воқеан ҳам аз нав эҳё гардидани ҳунарҳои мардумӣ сокинони кишварро барои  омӯхтани касбу корҳои гуногун раҳнамун сохт. Имрӯз дар ҳамиа чорабиниву ҷамъомадҳо ҳунарҳои дастии занону бонувон дар намоишгоҳҳо ба маърази дид гузошта шудааст, ки аз ҳунарманд будани мардуми тоҷик, аз ҷумла занону бонувон дарак медиҳад.

Занону бонувони ноҳияи Ховалинг, аз ҷумла ҷавондухтарон низ дар қатори  дигар сокинони кишвар ба ҳунармандӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ камари ҳиммат бастаанд.

Намоиши либосҳои чакан, атласу адрас, кашидадузиҳо, қуроқдӯзӣ, духтани навъҳои гуногуни либосҳои арусӣ, тоқиҳои гулдӯзӣ ва ғайраҳо, ки дар ҷашну чорабиниҳо ба маърази тамошо гузоштаанд, маҳсули дасти ин ҷавондухтарон мебошанд.

Боварӣ дорем, ки дар оянда низ гулдухтарони тоҷик бо ҳунару маҳорати дӯзандагӣ, кадбонугӣ, қуроқдӯзӣ ва тарроҳии худ дар рушду нумуи эҳё гардидани ҳунарҳои мардумӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии худ саҳми муносиб мегузоранд.