Бо ташаббуси сокинон мушкилӣ дар роҳҳо бартараф мегардад

Ховалинг: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар маҳаллаҳои дурдасти ноҳия сокинон-аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ барои фасли зимистон ва боронгариҳои фасли баҳор омодагӣ гирифта, роҳхои маҳаллаҳоро, ки хокӣ ҳастанду дар натиҷаи боришот мушкилиҳоро ба бор меоранд, сангфарш намуда истодаанд.

Дар ин амали хайр ҳама сокинон дастаҷамъона ширкат варзида, саҳми худро гузошта истодаанд.

Он нафароне, ки автомобилҳои калони боркаш доранд сангу шағалро кашонида, дар роҳ мерезанд ва дигар сокинон он шағалҳоро тариқи белк каланд ҳамвор намуда, мушкилии равуои мардумро бартараф месозанд.