Ташаббусҳои ҳизбӣ ободониро раҳнамун месозад

Ховалинг: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ноҳияи Ховалинг аз тарафи аъзоёни ташкилотҳои ҳизбӣ корҳои созандагию ободонӣ вусъати беандоза ёфта истодаанд.

Дар бозори марказӣ аз тарафи сокинони ноҳия, ки фурушгоҳҳоро ба иҷора гирифтаанд сохтмону таъмир  пурра ба роҳ монда шудааст.

Дар ин утоқҳо, ки барои савдо роҳандозӣ шудаанд, мунтазам корҳои таъмир рафта истодааст ва дар назар аст, ки то таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозори марказии ноҳия пурра бо тарҳи наву замонавӣ ба истифода дода, ба сокинон хизмат мерасонад.