ОБОДКОРИҲОИ АЪЗОЁНИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ БАҲРИ ОБОДИИ ДИЁР

Ховалинг: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг пайваста корҳои созандагиву ободониро ба роҳ монда, ташаббусҳои ҳизбӣ нишон дода истодааанд.

Аз тарафи соҳибкорон, аъзоёни фаъоли Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон бозори марказии ноҳия азнавсозӣ гардида истодааст.

Дар дохили бозори марказӣ мағозаҳо ва фурушгоҳхои хурд ба тоҷирону савдогарон дода шудаасти, ки пайи ободонӣ ва таъмири онҳо мебошанд.

Аксҳои навбатие, ки намояндагони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг аксбардорӣ кардаанд аз рафти таъмири мағозаҳо андаруни бозори марказӣ мебошад.

Ин ободкориҳо баҳри рушду гул-гулшукуфии диёр буда, сатҳи зиндагии сокинонро боло мебардорад.