Семинари омӯзишӣ бо иштироки директорони муассисаҳои таълимӣ доир карда шуд.

Ховалинг: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Рӯзи 4 майи соли 2022 бо иқдомоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо иштироки директорони  муассисаҳои таълимии ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Ҷомбахт, Ғаффор Мирзо, Лоҳутӣ ва  ҷамоати шаҳраки Ховалинг семинари омӯзишӣ оиди “Нақшаи амалиёти муштараки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ҳудуди вилояти Хатлон”, ташаббуси 1: “Соати сиёсӣ” ва ташаббуси 2: “Мактаби ман”  семинари омӯзишӣ гузаронида шуд. 

    Дар семинар раиси Қумитаи иҷоияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг Асадуллозода В.Д ва мудири шуъбаи маорифи ноҳия Амирсаидов М. баромад намуда, мақсад, мавзуъ – муҳтаво муҳлат, шакли иштирок дар соати сиёсӣ ва амалиёти “Мактаби ман” - ро ба ҳозирин фаҳмониданд.