ХОНАНДАГОН ВА СОКИНОНИ МАҲАЛЛАИ ЧУҚУРАК СОҲИБИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ МЕГАРДАНД

Ховалинг: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Иқдоми неку наҷибонаи соҳибкори бонангу ори ноҳия, зодаи деҳаи Боғчаи Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Абдулло Ҳасанов боиси таҳсину офарини ҳазорон одамон гардидааст.

Абдулло Ҳасанов иқдоми накуву ватандӯстонаро пеш гирифта, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10, воқеъ дар маҳаллаи Чуқураки Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт сохтмони майдончаи варзиширо ба роҳ мондааст.

Солиёни зиёд буд, ки ин муассиса ва ин маҳалла соҳиби майдончаи варзишӣ набуданд. Гарчанде, ки ҷавонони маҳалла нисбат ба варзиш шавқу рағбати зиёд доштанд, аммо дар саҳни майдони муассиса, ки он қадар ба талабот ҷавобгӯ набуд, ҳунари варзишии худ, бозиҳои футболу волейболро сайқал медоданд.

Хушбахтона, ин мушкилоти мардуми маҳалла, хусусан ҷавонони маҳаллаи Чуқуракро соҳибкори ватандӯст Абдулло Ҳасанов барканор намуда истодааст. Алҳол дар маҳалла сохтмони иншооти варзишӣ вусъат ёфта истода, корҳо дар болопӯши сохтмон рафта истодаанд.

Ёдовар бояд шавем, ки Абдулло Ҳасанов гарчанде зодаи деҳаи Боғча бошад ҳам, таълимоти умумиро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 гирифтааст ва  сухани  «Ватанро соҳибватан обод менамояд»  шиори ҳамешагии ӯст.

Ба ин соҳибкори номдору муваффақ ва ватндӯсту ободгар барору муваффаққият хоҳонем.